Пирӯзии Муин — Тоҷик дар ИМА

Муин Ғафуров, варзишгари машҳури тоҷик дар муҳорибаи ахираш, ки дар Белтони Техас баргузор гардид, рақибаш Ҳербет Сузаро дар дақиқаи сеюми раунди дуюми муҳориба ба накаут фиристода, пирӯзиро ба даст овард.

Агарчи рақибаш бо вазни бештар бартарӣ дошт, вале Муин бо зарби мушт хеле чолокона ӯро аз пой афтонд.

Муин Ғафуров, варзишгари 26-сола бо лақаби “Тоҷик”  машҳур буда, дар маҷмуъ 21 муҳориба анҷом дода, 17 муҳорибаро бо пирӯзӣ паси сар кардаву дар 4 муҳориба шикаст хӯрдааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.