Пирӯзии номзади ягонаи тоҷик Раҳим Азимов ба Думаи давлатии Русия


Раҳим Азизбоевич Азимов, зодаи Исфараи Тоҷикистон ва ягона номзади тоҷик ба вакилии Думаи давлатӣ, палатаи поёнии парлумони Русия, ки аз ҷониби ҳизби ҳокими «Единая Россия» пешбарӣ шудааст, дар овоздиҳӣ дар ҳавзаи инфиродӣ ё якмандатаи №105 дар вилояти Киров баранда шудааст.

Дар Русия аз 17 то 19 сентябр интихоби 450 вакили Думаи давлатӣ, даъвати ҳаштум ва вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва маҳаллӣ доир шуд. Комиссияи интихоботии вилояти Киров дар пайи ҳисобу китоби 100 фоизи варақаҳои овоздиҳӣ эълон кард, ки дар интихоботи вакили Думаи давлатӣ, даъвати ҳаштум дар ҳавзаи инфиродии №105 Раҳим Азимов 43,77% овоз гирифта, ҷои дуюмро бо 14,90 % Алберт Бикалюк аз эътилофи ҳизбҳои «Справедливая Россия – Патриоти — За правду» ба даст овардааст.

Дар ин ҳавза ҷои сеюм насиби номзади ЛДПР Кирилл Черкасов бо 7,39% овозҳо шудааст.
Раҳим Азизбоевич Азимов бори аввал соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаи Киров аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ, даъвати VII интихоб шуда, узви кумитаи амният а мубориза бо коррупсия мебошад.

доктори илмҳои техникӣ ва ягона зодаи Тоҷикистон аст, ки вакили маҷлиси поёнии парлумони Русия интихоб шудааст.

Раҳим Азимов 16 августи соли 1964 дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Аммо зодагони деҳаи Найман мегӯянд, асли Раҳим Азимов аз Найман аст ва ҳатто мактаби Найманро ба номи падари ӯ Азизбой Азимов номгузорӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, Раҳим Азимов дар Найман бунёди чандин иншоот, аз ҷумла толори варзишӣ ва варзишгоҳро ба дӯш гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *