Писари Гулмурод Ҳалимовро дастгир карданд

Мақомоти Тоҷикистон фарзанди фармондеҳи собиқеро дастгир кардаанд, ки дар феҳрасти хатарноктарин террористони ҷаҳон қарор дорад ва Амрико барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ 3 миллион доллар ваъда кардааст. Хешовандони Гулмурод Ҳалимов, полковники фирорӣ, ки ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайваст, гуфтаанд, ки мақомоти интизомӣ Беҳрӯз Гулмуродов фарзанди калонии Гулмурод Ҳалимовро тақрибан се ҳафта пеш дастгир карданд.

Аъзои хонаводаи фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилӣ гуфтаанд, ки айни замон Беҳрӯзи 18-сола дар боздоштгоҳе дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи аъзои ин хонавода, мақомоти интизомӣ Беҳрӯзро аз манзили зисташон дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб воқеъ дар 35-километрии Душанбе боздошт карданд ва сабаби боздоштро ҳам шарҳ надоданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *