Писари сазовори омӯзгори доғистонӣ
Дар фаъолияти эҷодии ман баъзан ҳолатҳое рух медиҳанд, ки беихтиёр объекти аҷиб пеши назар падидор мегарданд ва ҷолиби диққат мебошанд. Дар ин лаҳзаҳо аз зери хомаи ман мусаввараҳо, очеркҳо ва китобҳои ҳуҷҷатӣ мебароянд.
Дар саҳифаҳои интернет ман тасодуфан акси доғистонии маъруферо дидам, ки соҳиби ҷоизаҳои сершумори арзанда мебошад ва ба ҳайси директори филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе кор мекунад.
Ман бо ҳамсафонам аз шаҳри Душанбе робитаи эҷодӣ дорам, эҷодиёти пурмазмуни шоирони маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ, Улмас Ҷамолро такрор ба такрор мутолиа менамоям. Ашъори маро ба забони тоҷикӣ ин шоирон тарҷума кардаанд.
Шоири муосири тоҷик Давлатмурод аз деҳаи Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯробод)-и Тоҷикистон ба Доғистон зуд-зуд меояд. Ӯ шеъри Некрасов “Дар Россия кӣ хуб зиндагӣ мекунад” (“Кому на Руси жить хорошо»)-ро бо забони русӣ хеле зебо қироат мекунад.
Ман Сагид Абдулкаримовро дарҳол пайдо кардам, ӯ писари муаллими забон ва адабиёти рус аз деҳаи Чиркейи ноҳияи Буйнак Абдураҳмон Абдулкаримов мебошад. Пас аз ёддоварии на он қадар тӯлонӣ ба нақли доғистоние мегузарам, ки 15 сол боз тақдири худро ба ҷавонони тоҷик пайвастааст.
Сагид Абдураҳмонович номзади илмҳои техникӣ, профессори кафедраи электроэнергетика, директори филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе мебошад.
Абулкаримов Сагид Абдураҳмонович замони гулгулшукуфии табиат, якуми июни соли 1958 дар оилаи омӯзгори шоистаи Доғистон таваллуд шудааст.
Волидонаш ӯро Сагид номида, модараш Ғоиба ба ӯ суруди “Алла”-ро тавъам бо дуоҳои нек замзама мекард. Айёми кӯдакии ӯ зуд сипарӣ гардидааст. Вай сарбаландона ба мактаб мерафт, зеро падараш омӯзгори сохибэҳтиром на танҳо дар мактабу деҳа, балки дар авлоди онҳо маҳсуб меёфт.
Омӯзгори мактаб аз хурдсолӣ Сагидро на танҳо дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, балки ба амиқ омӯхтани таърихи пурифтихори Доғистон, ҳамчунин, муҳаббат ба адабиёт тарбия мекард.

Ӯ дар заминаи анъанаҳои миллии халқи худ дар машғулиятҳои қиблагоҳаш ба камол расида, аз падар беҳтарин хислатҳои инсонӣ, аз қабили накукорӣ, ҳамдарди мардум будан, меҳнатдӯстиро андӯхтааст.
Аз рӯзҳои нахустин Сагид дар мактаби миёнаи Чиркей бо ҷидду ҷаҳд ва ғайрати зиёд таҳсил карда, таълимгоҳро бо медали тилло хатм намуд.
Ҷавонмарди кӯшо ва боирода барои таҳсили минбаъда Донишкадаи давлатии политехникии Доғистонро интихоб кард, ки вай дар он ҳамчун донишҷӯ на танҳо донишҳои назариявиро аз худ мекунад, балки дӯстони зиёд пайдо намуда, инчунин гирандаи стипендияи ленинӣ буд. Неруи пурҷӯшу хурӯши дил ва иродаи Сагид ӯро талқин мекард, ки ба фаъолияти ҷамъиятӣ машуғул шуда, вакили шаҳрии Махачқалъа гардад.
Донишкадаро бо дипломи сурх хатм намуда, соҳиби ихтисоси муҳандис – барқчӣ гардид.
Хидмати Ватанро дар Украина адо намуда, сипас дар созмонҳои комсомолии пойтахти Доғистон ба фаъолияти меҳнатиаш идома бахшидааст.

Тавре мушоҳида кардам, вай дар айёми ҷавониаш фаъолона ба такомулу ташаккули маънавии худ пардохт, ки ин раванд дурусту оқилона буд. Ба андешаи ман, вай дар ин бобат ба касби худ содиқ монд. Волидонаш ба Москва рафтани писарашонро ҷонибдорӣ карданд. Соли 1986 ба аспирантураи Донишкадаи энергетикии Москва дохил шуда, соли 1991 онро бомуваффақият хатм намуд ва пас аз дифои рисолаи илмӣ номзади илмҳои техникӣ гардид.
Дар донишгоҳи мазкур вай дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, ёвари муовини ректор фаъолият намудааст. Сагид Абдулкаримов 15 соли охир дар вазифаи директори филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе фаъолият карда истодааст.
Дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе зиёда аз 350 нафар донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд. Дар ин даргоҳи илму маърифат муҳандисон аз рӯйи равияи электроэнергетика ва электротехника бо ду ихтисос – неругоҳҳои барқӣ обӣ ва таъмини барқ омода карда мешаванд. Ҳамзамон, донишҷӯён имкон доранд, ки баъди хатми курси 2 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Москва раванд. Ҷавонони тоҷик кӯшиш мекунанд, ки соҳибкасб шуда, дипломи донишгоҳи бонуфузи Россия – Донишгоҳи энергетикии Москваро соҳиб гашта, ояндаи худ ва кишвари азизашонро обод созанд. Аксари донишҷӯёни филиал (95%) ба таври ройгон таҳсил менамоянд.
Корҳои илмии Сагид Абдураҳмонович аз ду монография ва зиёда аз 70 таълифоти илмӣ, ки ба таҳқиқоти назария ва истифодаи амалии мавҷҳои тӯлии электромагнитӣ ва дигар мушкилоти электротехникаи назариявӣ бахшида шудаанд, иборат аст.
Сагид Абдураҳмонович бо медали “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати энергетикаи Федератсияи Россия, ифтихорномаю сипосномаҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” (Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон) сарфароз гардидааст. Ӯ “Энергетики фахрии Федератсияи Россия”, “Корманди фахрии соҳаи маорифи Федератсияи Россия”, “Доктори соҳаи электротехника”-и Академияи илмҳои электротехникии Федератсияи Россия мебошад. Ӯ дорои одобу ахлоқу шарафи воло ва масъулиятшинос буда, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ корҳояшро ҳеҷ гоҳ ба таъхир намегузошт ва ҳоло ҳам аз рӯйи принсипи мазкур кор мекунад. Сагид Абдураҳмонович имрӯз низ ба таври шоиста соҳаи маорифи Россияро дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Намояндагии Россия дар Тоҷикистон саҳми филиалро дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунад. Профессор дар суҳбат иброз дошт, ки халқи тоҷик мисли мардуми Доғистон, ба анъанаҳои дар тӯли асрҳо ҳосилшудаи миллат ва арзишҳои фарҳангии худ арҷ мегузоранд. Ва барои минбаъд шукуфоии халқи тоҷикро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт таманно мекунад. Ӯ боварии комил дорад, ки дӯстии байни Россия ва Тоҷикистон мисли деворҳои қалъаи қадимии Норин-Қалъаи Дарбанди қадим, ки шоирони Тоҷикистон онро васф кардаанд, устувор хоҳад буд.

Сагид Абдураҳмонович табиатан инсони равшандилу некбин ва ҷӯяндаву эҷодкор мебошад. Ӯ бародари ягонаи се хоҳар аст: Май, Пошо, Сокина, ки ҳамаашон омӯзгорони шинохтаи Доғистон буда, пайрави касби падари худ гардидаанд. Ҳамсари ӯ Зулайхо низ касби омӯзгориро интихоб намуда, ба ҳайси забоншиноси варзида фаъолият менамояд.
Гузаштагони Абдураҳмон Абдулкаримов ҳамагӣ омӯзгор мебошанд. Равшан аст, ки омӯзгорӣ беҳтарин касб дар рӯйи замин мебошад. Сагид Абдураҳмонович на танҳо олими боистеъдод, ташкилотчии моҳир, балки дӯсти хеле содиқ, ҳамсари ғамхор, падару бобои меҳрубон аст. Соҳиби ду фарзанд мебошад: писараш Муҳаммад, идомадиҳандаи пешаи падари хеш, энергетик мебошад, духтараш Саида бошад, касби духтуриро ихтиёр кардааст.
Бобои Сагид вақти холии худро бо набераҳояш мегузаронад, дар ҷойҳои ҷолибу аҷоиби Москва онҳоро ҳамчун роҳбалад ба сайругашт мебарад, хулласи калом, набераҳояшро аз таҳти дил дӯст медорад ва дар чунин лаҳзаҳо ҳамроҳи онҳо дар қаҳвахона фароғат намуда, дар олами кӯдакӣ ғарқ мегардад. Ӯ вақт ёфта, пайваста ба варзиш машғул мешавад. Ӯ ба толори тамринҳо меравад ва ба бозии теннис майл дорад. Варзиш ба ӯ ҳамеша нерую тавон ва руҳ мебахшад. Посдори гармию хонадонаш – ҳамсараш Зулайхо ошпази моҳир аст, ҳамвора хӯрокҳои дӯстдоштаи доғистониро, ки модари Сагид мепухт, омода мекунад.
Тобистон оилаи Сагид Абдураҳмонович ба зодгоҳашон Доғистон сафар мекунанд. Дар он ҷо, дар оғӯши оила, дар муҳиту фазои вижа, ки онро неруи муҳаббат ва ҳусни тафоҳум фаро гирифтааст, истироҳат мекунанд. Дар ин ҷо, дар хонаи падар, тамоми фарзандон хурсанду хушбахтанд, зеро дар рӯйи замин макони наздиктару азизтар ва маҳбубтар нест. Метавон гуфт, ки Сагид Абдураҳмонович инсони хушбахт аст, ба шарофати меҳру муҳаббати падару модараш, ки ҳамсафари неки ҳаётиаш гаштаанд, маҳз ба шарофати насиҳати волидон дар пайроҳаи ҳаёт саодатманд ва комёб гардидааст.
Дар ин ҳикоёти мухтасар ҳаёту фаъолияти шахсро пурра омӯхтан ғайриимкон аст, вале аз ҳама муҳимаш, ман мехостам, паёмеро оид ба зиндагиномаи инсони шарафманд, ки ба касби худ содиқ аст, бирасонам. Яке аз чунин шахсон – Сагид Абдураҳмонович, фарзанди арзанда ва сазовори таҳсини омӯзгори деҳаи Чиркей Абдураҳмон Абдулкаримович Абдулкаримов мебошад.
Бикахонум Алибекова,
узви Иттифоқи журналистони Россия
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ