Пиёзи беҳуҷҷатро ба Қирғизистон гузаронидан хостанд

Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон аз қочоқи пиёз аз Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар хабар додааст. 

Дафтари матбуоти ин хадамот гуфтааст, дар рустои Куктоши вилояти Ботканд кормандони гумрук автомашинаи тамғаи “DAF FT95 ХА 480” бо рақамҳои давлатии Қирғизистонро нигоҳ доштаанд: “Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили он 20 020 кг пиёз бидуни асноди лозим ошкор гардид, ки аз Тоҷикистон интиқол шудааст”.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, хисорот дар ҳаҷми 76 138,06 сом барқарор шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *