Пизишкиён: Амрико пас аз нотавонии Исроил маҷбур шуд ба ҷанг ворид шавад
Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ҳамлаи ахири нерӯҳои ИМА ба таъсисоти ҳастаии кишварашро шадидан маҳкум кард. Ӯ ин иқдомро «таҷовузи рӯирост» унвон намуда, гуфт, ки Амрико пас аз мушоҳидаи нотавонии Исроил дар муқобила бо посухи низомии Эрон маҷбур шуд мустақиман вориди ҷанг гардад.
«Ин таҷовуз нишон дод, ки Амрико омили аслии амалҳои душманонаи режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Агарчӣ аз ибтидо талош доштанд нақши худро пинҳон кунанд, аммо пас аз посухи қотеъу боздорандаи нерӯҳои мусаллаҳи кишварамон ва мушоҳидаи нотавонии режими саҳюнистӣ, маҷбур шуданд худ ба майдон оянд», – изҳор дошт Пизишкиён.
Раисиҷумҳури Эрон таъкид кард, ки миллати Эрон омодааст, барои ҳифзи истиқлол, обу хоки кишвар аз ҳеҷ талоше рӯй нагардонад.
«Миллати Эрон борҳо собит кардааст, ки дар дифоъ аз хоки муқаддаси худ муттаҳид, устувор ва омода аст», – гуфт ӯ.
Изҳороти Пизишкиён дар ҳоле садо медиҳад, ки дар ҳафтаҳои ахир танишҳо миёни Эрон, Исроил ва Амрико дар Ховари Миёна афзоиш ёфта, хатари ба ҷанги густардаи минтақавӣ табдил ёфтани он бештар шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ