Пизишкиён Эмомалӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард
Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба унвонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома фиристод.
Дар нома барои меҳмоннавозии самимӣ ба Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос намудааст.
Дар идомаи нома Масъуд Пизишкиён Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Эрон даъват намуда, изҳор доштааст, ки ин сафар равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишварро боз ҳам таҳким ва густариш медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ