Пойгаи автобусҳо дар Душанбе ду ронандаро бекор кард

Ронандагонро аз кор ҷавоб дода ба онҳо ҷарима дар ҳаҷми аз 14,5 то 17 ҳазор сомонӣ ва маҳрум намудан аз ҳаққи ронандгӣ барои ду сол таҳдид мекунад.

Дар Душанбе ду ронандаи автобусро барои ташкили пойга аз кор озод карданд. Кормандони милисия баъди нашри навори пойгаи автобусҳо дар маркази пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳқиқ пардохтанд. Маълум шудаааст, ки ин ду ронанда барои тезтар расидан ба истгоҳ ва гирифтани мусофири бештар байни ҳамдигар сабқат карда, ҳолати садамавиро ба вуҷуд овардаанд. Дар лаҳзаи пойга дар дохили автоубсҳо мусофирон буданд. Мақомоти интизомӣ нисбати ҳар ду ронанда парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Ронандагонро аз кор ҷавоб дода ба онҳо ҷарима дар ҳаҷми аз 14,5 то 17 ҳазор сомонӣ ва маҳрум намудан аз ҳаққи ронандгӣ барои ду сол таҳдид мекунад. Дар ин баробар, раҳбарияти корхонаи воҳиди давлатии «Автобус-1» ва «Автобус-2» барои назорати сусти ронандагон ҳушдор гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *