Эмомалӣ Раҳмон ба номзади арзанда овоз дод (аксҳо)

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи интихоботии рақами 15, воқеъ дар ҳавзаи интихоботии рақами 2 ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ омада, овозашро дод.

Тавре хабарнигори Pressa.tj  аз қитъаи интихоботии  мазкур хабар дод,  қабл аз Президенти Тоҷикистон раиси шаҳри  Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами  Эмомалӣ ба ин ҳавзаи интихоботӣ, яъне литсеи рақами 53 ташриф оварда, овоз дода буд.

Дар суҳбат Рафоат Қувватова, раиси қитъаи интихоботии рақами 15 иттилоъ дод, ки  то соати 10: 00 285 нафар интихобкунандагон ба қитъаи овоздидиҳӣ омода, раъйи худро ба номзади арзандаи худ  доданд.

“Дар маҷмӯъ, дар қитъаи интихоботии рақами 15, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1490 интихобкунанда ба қайд гирифта шудаанд. Аз инҳо 17 нафар бори аввал дар интихобот ширкат меварзанд, баъди овоздиҳӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла китоб ва гулдаста сарфароз гардонида мешаванд. Дар қитъаи интихоботии мазкур тамоми шароит  муҳайёст. Интихобот таҳти назорати мушовирони байналмилалӣ сурат гирифта истодааст”,-гуфт номбурда.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00-и субҳ кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон президенти ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд.

Дар интихоботи президентии кунунӣ Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон  ширкат доранд.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, 4 миллиону 900 ҳазору 545 шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихоботи президентӣ ва овоздиҳӣ доранд. Имсол дар Тоҷикистон 3375 нуқтаи интихоботӣ ва дар хориҷи кишвар 39 қитъаи овоздиҳӣ ташкил шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *