Иштироки Президенти кишвар дар гузашти низомии Маскав

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба, ки имрӯз, 24 ноябр дар шаҳри Москва баргузор гардид, иштирок кард.

Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл ҳамтои русаш Владимир Путин истиқбол гирифт. Сипас аксгирии якҷояи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишвари ҷаҳон ва роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ташриф оварда буданд, сурат гирифт.

Чорабиниҳои тантанавӣ дар Майдони Сурх баргузор гардида, дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуданд. Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 225 техника ва 150 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 24 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ — мудофиавӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намояндагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Шумораи умумии иштирокчиёни Паради ҳарбӣ аз Тоҷикистон 75 нафарро ташкил дода, гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Файзимуҳаммад Ҳафиззода роҳбаладӣ намуд.

Ёдрас мешавем, ки мақомоти Русия бо назардошти пандемияи коронавирус гузашти низомӣ бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистиро, ки ҳамасола рӯзи 9-уми май таҷлил мешуд, санаи 24-уми июн баргузор намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *