Пораи Қатар ба бозингарони Эквадор. Чемпионати Ҷоми ҷаҳонро чӣ интизор аст?

Қатар ба ҳашт футболбози Эквадор барои пирӯзӣ дар бозии ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳон пора додааст.

Амҷад Таҳ, раиси минтақавии Маркази омӯзиши Ховари Миёнаи Бритониё дар “Твиттер” гуфт, ки Қатар ба ҳашт бозингари тими миллии Эквадор 7,4 миллион доллар ришва додааст, то тими миллии онҳо дар бозии ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳон мағлуб шавад.

«Қатар ба ҳашт бозингари Эквадор барои бохт дар ин бозӣ (0:1, гол дар нимаи дуввум) ба маблағи 7,4 миллион доллар пора додааст. Панҷ нафар аз Қатар ва Эквадор инро тасдиқ карданд. Амҷад Таҳ навиштааст, мо умедворем, ки паҳн шудани ин маълумот ба натиҷа таъсир мерасонад. Ҷаҳон бояд бо фасод дар ФИФА муқовимат кунад”,- менависад РИА “Новости”.

Ёдовар мешавем, ки чемпионати Ҷоми ҷаҳон аз 20-уми ноябр то 18-уми декабр баргузор мешавад. Мунтахаби Эквадор дар бозии ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки қарор аст 20-уми ноябр баргузор шавад, бо тими Қатар вомехӯрад. Инчунин, дар гуруҳи «А» дастаҳои Ҳолланд ва Сенегал бозӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *