Президент ғалабаи Лукашенкоро эътироф намекунад

“Александр Лукашенко президенти қонунии Беларус буда наметавонад”, гуфт Президенти Литва Гитанас Науседа.
Ба гуфти ӯ, «дар Беларус интихоботҳои демократии озод баргузор нашудааст».

Науседа қайд кард, ки агар вазъ дар ин кишвар бо сулҳ ҳал нашавад, таҳримҳо алайҳи мақомоти Беларус татбиқ карда мешаванд.
Ба гуфтаи Науседа, агар ба ояндаи Беларус нигаред, ки чӣ мешавад, шояд он ба Русия ҳамроҳ шавад. “Аммо ,-мегуяд ӯ,- тамоми Иттиҳоди Аврупо манфиатдор аст, ки Беларус ҳамчун давлати устувор, демократӣ ва соҳибихтиёр бошад.»
Тавре иттилоъ дода шуд, рӯзи якшанбе дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Тибқи иттилои КҲИ, Лукашенко 80.08% овоз гирифт, Светлана Тихановская 10,09% овоз гирифт. Пас аз оғози тазоҳурот дар кишвар, вай ногаҳон Беларусро ба самти Литва тарк кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *