Президент аз кори Раиси пойтахт розист

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 июл дар як машварати корӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз «раванди корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат дар давоми наздик ба ду соли охир” хостори вусъати ин ободониҳо то ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон шуд. Аз моҳи январи соли 2017, ъне дар ин муддати «наздик ба ду соли охир” роҳбарии ҳукумати шаҳри Душанберо писари калонии президент Рустами Эмомалӣ ба дӯш дорад.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, рӯзи 24 июл дар машварати корӣ дар ҳузури раисиҷумҳур бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фаъолони пойтахт

аз рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2018 натиҷагирӣ шудааст. Дар ҷаласа ҳамчунин муовини сарвазир Азим Иброҳим ва раисони ноҳияҳои пойтахт дар бораи тадбирҳои ободонию созандагӣ ва рафти омодагиҳои пойтахти мамлакат ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш додаанд. Азим Иброҳим роҳбарии гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии пойтахти ҷумҳурӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.

Хадамоти матбуоти президент дар гузоришаш мегӯяд: «Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои ободонию созандагиро дар пойтахти мамлакат давоми наздик ба ду соли охир қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки новобаста ба ин натиҷаҳо бояд тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе то рӯзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла барои кори муназзами иншооти энергетикӣ, хусусан таъмини пайвастаи аҳолии шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ, таъмини рушди бемайлони соҳаҳои саноат, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт, беҳдошти ҳолати иншооти роҳу нақлиёт, обрасонӣ, хизматрасонии коммуналӣ, бозорҳо ва савдо, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди бештари иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишию солимгардонӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти пойтахт дастурҳо дода, хостори баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ҷиноятҳои бо экстремизм ва терроризм алоқаманд, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҳолатҳо шудааст.

Хадамоти матбуоти президент меафзояд, ки дар машварати корӣ ба хотири ба як шаҳри муосиру пешрафта табдил додани пойтахти Тоҷикистон «аз соҳибкорони бонангу номуси шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти муосиргардонии шаҳри Душанбе ва омодасозии пойтахти мамлакат ба чорабиниҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ ва ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ фаъол бошанд ва саҳми арзандаи худро дар ободии пойтахти давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *