Президент аз сафари Ҳиндустон даст кашид

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев сафари худро ба Ҳиндустон бекор кард, ки қарор буд имрӯз, 11 январ сурат бигирад.

Дар ин бора намояндаи расмии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Кундуз Жолдубоева дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дода, хостааст, «дар он сиёсатро наҷӯянд».

Ёдрас мешавем, пештар хабар доданд, ки Отамбоев тасмим дорад, 11 январ ҳамроҳи хонаводаи худ барои истироҳат ба Ҳиндустон биравад.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки Отамбоев мехоҳад, Қирғизистонро тарк кунад, вале эҳтимол аст, мақомот ба ӯ иҷозат намедиҳанд. Жолдубаева гуфтааст, ки барои манъи сафари Отамбоев асосе вуҷуд надорад.

Пеш аз нашри хабари лағви сафари Отамбоев ба хориҷ, маълум гашт, ки намояндаи ситоди интихоботии президент Сооронбой Ҷеенбеков дар умури молӣ Нодира Сатигул қизӣ дар ҳоли ҳозир дар Ҳиндустон истироҳат мекунад ва гӯиё ба ӯ Отамбоев пешниҳод кардааст, ки барои як муддат ба хориҷ биравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *