Президент ба раиси ВМКБ: Ҷавононро бо кор таъмин кунед!

«Шахси солимфикр набояд ба ин гуна суханони дурӯғ бовар кунад», — изҳор доштааст Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи ахир.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи ахири худ аз сатҳи болои бекорӣ миёни ҷавонони ин вилоят изҳори нигаронӣ намуд.

Алишер Мирзонабот зикр намуд, ки бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазорати меҳнат дар маркази вилоят ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ташкил мешавад ва ҷавонони бешуғл метавонанд аз ин имконият истифода бурда, соҳиби ҷойи кор шаванд.

Дар идома иҷрокунандаи раиси вилоят дар робита ба ҳаводиси ахир гуфт, набояд ба навиштаҳои аксари манфиатҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар кард. «Шахси солимфикр набояд ба ин гуна суханони дурӯғ бовар кунад», — изҳор доштааст ӯ.

Иҷрокунандаи раиси вилоят аз масъулин даъват намуд, ки бо ҷавонони вилоят бештар суҳбату вохӯриҳо баргузор кунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.