Президент: Эҳтироми модаронро ба ҷо оред!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бонувони тоҷикро бо ҷашни Рӯзи модар табрик гуфт.

“Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд”,- омадааст дар паёми шодбошии Президент ба ин муносибат.

Ба таъқиди Сарвари давлат, ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.

“Ҳамчунин, 25 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ва 23 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занону бонувон мебошанд”,- изҳор дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки дар бунёди иншооти муҳими аср — нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.

“Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки модарону бонувон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд”,- таъкид дошт Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *