Артем Кирянов

Масъалаи афви муҳоҷирони аз Русия ихроҷшуда баррасӣ мегардад

Афви эҳтимолӣ дар мавриди шаҳрвандони хориҷие сурат хоҳад гирифт, ки аллакай барои ҳуқуқвайронкунии хурди маъмурӣ аз ҳудуди Русия хориҷ карда шудаанд.

Артём Кирянов — муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатии Русия дар суҳбат бо «Интерфакс» таъкид кардааст, ки афви муҳоҷирони корие, ки барои қонуншиканиҳои хурд пештар ихроҷ карда шуда буданд, ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар соҳаҳои сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ мусоидат мекунад.

Вай изҳор доштааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бозори кор, махсусан дар бахшҳоии сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ камбудиҳо дар мавриди норасоии кадрҳо ҷой доранд.

«Аз ин рӯ, агар одамон хоҳиши омаданро бо шароите, ки ҳозир дар Русия пешниҳод карда мешавад, дошта бошанду кор кунанд, мо албатта набояд ба ин муқобилият кунем»,- гуфтааст Кирянов.

Ҳамзамон, ӯ тавзеҳ додааст, ки сухан дар бораи ба Федератсияи Русия баргардонидани одамоне нест, ки ба ҷиноят даст задаанд. Сухан дар бораи афви он муҳоҷироне меравад, ки шартҳои будубошро вайрон кардаанд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ки ба касе зарар нарасонидаанд.

Қаблан дар бораи баррасии ин масъала вакили Думаи давлатӣ Владимир Ресин иттилоъ дода, изҳор дошта буд, ки Вазорати сохтмон ва ҳукумат вазъиятро зери назорат доранд ва омодаанд дар сурати зарурат чораҳои иловагӣ андешанд.

Вакил ҳамчунин зикр кард, ки имкони эълони афв барои муҳоҷирони корӣ, ки қаблан барои нақзи низоми муҳоҷират ихроҷ шуда буданд, баррасӣ мешавад.

Пештар чунин ташаббусро президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиёни Русия — НОСТРОЙ Антон Глушков ба миён гузошта, изҳор дошт, ки ба нерӯи кории хориҷӣ ниёз дорем, чунки онҳо таҷрибаи кор ва малакаҳои истеҳсолӣ дар кишварро доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *