Президент: Мансабдорон ҳоло ҳам зиёдаравӣ мекунанд

Барои риоя накардани қонуни масъулияти волидон ва танзими анъана чанд мансабдори тоҷик ва хизматчиёни давлатӣ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон- президенти  Тоҷикистон –дар суҳбат бо мақомоту фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара ин ҳарфҳоро ба забон овард.

Ӯ фақат гуфт, “аллакай чанд нафар сабукдӯш карда шуд ва таъкид мекунам, ки назорат дар ин самт минбаъд низ ҷиддӣ мешавад”.

Президент  гуфт, ки ҳарчанд ин қонунҳо, ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум… қабул шудаанд, лекин ҳоло ҳам зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ, хусусан, аз ҷониби баъзе мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорон ба назар мерасад.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *