Салваторе Киир

Президент шошиду журналист зиндонӣ шуд

Дар Судони Ҷанубӣ 6 журналистро бо сабаби он ки навори шошидани президенти ин кишвар Салваторе Киирро расонаӣ намуданд, боздошт кардаанд. Дар ин бора Reuters хабар медиҳад.

Дар сабти видеоие, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, дида мешавад, президенти 71-солаи Судони Ҷанубӣ дар ҷараёни маросими ба истифода додани як роҳи нав, дар лаҳзаҳое, ки суруди миллии кишвараш садо медод, дар ҷои исташ дар маҳзари ом ва дар иҳотаи мансабдорони баландмақоми кишвар рост истода, шалвори худро тар мекунад. Ин ҳодиса 15-уми декабри соли 2022 рух дода буд. 

Reuters менависад, ки ин қитъаи гузориш ба телевизионҳои давлатӣ роҳ наёфта буд, вале чӣ гунае ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст. Дар робита ба ин кормандони расонаи давлатии SSB (South Sudan Broadcasting) бо ҷурми паҳн кардани сабти видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир карда шуданд.

Ҷумҳурии Судони Ҷанубӣ дар қораи Африқо ҷойгир шуда, пойтахташ шаҳри Ҷубе аст. Ин кишвар истиқлоли давлатии худро 9-уми июли соли 2011 аз Судон ба даст оварда буд. Ва аз замони соҳибистиқлолии ин кишвар то ба ҳол президенти ин кишвар Салваторе Киир аст. Солҳои охир расонаҳо менависанд, ки вазъи саломатии Киир хуб нест ва замони интихоби президенти нав фаро расидааст, вале мақомоти кишвар қатъиян бемории ӯро инкор мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.