Президент ҳамдардӣ баён кард. Шавкат Ниёзиро ба Душанбе намеоранд
Фарзандони адабиётшиноси маъруфи тоҷик Шавкат Ниёзӣ ба қароре омадаанд, ки марҳумро дар шаҳри Москва, дар паҳлӯйи ҳамсараш ба хок супоранд.
Ин дар ҳолест, ки Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ, зимни расонидани арзи тасаллияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Шавкат Ниёзӣ масъалаи интиқоли ҷасади ӯро ба миён гузошт.
Имомуддин Сатторорӣ хабар дод, ки Шавкат Ниёзӣ дар хонааш, дар маҳаллаи Переделкинои Москва бар асари бемории дил даргузаштааст. Сатторӣ мегӯяд, ки рӯзи 15-уми март дар тамос бо наздиконаш “тасалияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба оилаашон расонидем”.
Фарзандони адабиётшиноси марҳум Лола ва Азиз, ки ҳарду шарқшиносони маъруф ва ходимони илмии Институти ховаршиносии Москва ҳастанд, дар суҳбат ба pressa.tj гуфтанд, ки “чанд рӯз пеш аз даргузашташон васият кардаанд, ки дар назди ҳамсарашон ба хок супурда шаванд”. Ҳамсари Ш.Ниёзӣ дар қабристони Битсевское ба хок супурда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ