Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ сафар мекунад

Пагоҳ, 25-уми июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)  сафар мекунад.

Сафари Сарвари давлат бо мақсади ширкат дар чорабиниҳо  бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ анҷом дода шуда, се рӯз идома меёбад.

Дар доираи ин сафар Президенти кишвар як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуда, бо сокинон ва фаъолони ВМКБ мулоқот хоҳад кард.

Интизор меравад, ки таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар марказ ва шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *