Президенти Муғулистон аз НБО-и «Роғун» боздид кард
25 июл дар доираи сафари давлатӣ ба Тоҷикистон, Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид ба амал овард.
Зимни боздид, Президенти Муғулистон ин иншооти муҳимро ҳамчун маркази калидии энергетикӣ барои тамоми минтақа арзёбӣ намуд.
Президенти Муғулистонро директори генералии НБО-и «Роғун» Хайрулло Сафарзода пешвоз гирифт. Сипас, ӯ ва ҳайати ҳамроҳонашро муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуда, онҳоро бо рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти неругоҳ шинос намуданд.


Ҳайати меҳмонон аз бахшҳои муҳими неругоҳ, аз қабили системаи обпарто дар нақби СТ-4, минтақаҳои тақсимоти асосии барқ ва толори мошинҳо дидан карданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон бо даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 23 июл оғоз ёфта, то 26 июл идома хоҳад кард.
Ин сафар на танҳо барои густариши муносибатҳои сиёсӣ, балки ҳамчун оғози марҳилаҳои нави ҳамкории иқтисодӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ