Профессор Розиқов аз вазифа озод шуд 

Профессор Воҳид Розиқовро ҳафтаи гузашта аз мақоми мушовири ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар масоили илм ва аз узвияти Шӯрои илмии ин донишгоҳ озод кардаанд.

Дар Донишгоҳ гуфтанд, ки Розиқов ба сабаби беморӣ аз вазифа рафт, вале барканории ӯ дар пайи моҷарои фошкориҳои «Диссернет” аст, ки ин профессори тоҷикро ба «рисолафурӯшӣ” айбдор мекунад.

Профессор Воҳид Абдуқаҳҳорович Розиқов нахустин нафар аз олимони тоҷики ба далели рисоладуздӣ ва рисолафурӯшӣ расонаишуда аст, ки дар пайи ифшокориҳои пойгоҳи «Диссернет” аз мақом барканор карда шуд.»Диссернет”, ки то имрӯз 35 олими тоҷикро ба асардуздӣ айбдор кардааст, Розиқовро аз хайли рисолафурӯшон мешуморад, на рисоладуздон.Бино ба арзёбии коршиносони «Диссернет”, аз 35 рисолаи дуздикардаи олимони тоҷик дар 14 рисолааш исми ду олим – Ҳусейн Пириев ва Воҳид Розиқов низ ба унвони раҳбари илмӣ ва ё оппонент дар ҳимояи он рисолаҳои машкук зикр мешаванд. Дар 7 маврид ба номи «олимон” бо кумаки Пириев соҳиби унвони илмӣ шудаанд ва дар 7 мавриди дигар – бо ёрии Розиқов.Тавре дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон  гуфтаанд, профессор Розиқов ҳамчун узви Шӯрои илмии Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат низ боқӣ мемонад. Давоми рӯзи 15 май исми Розиқов дар рӯйхати аъзои Шӯрои олимон дар сомонаи расмии ин мактаби олӣ таҳти рақами 14 вуҷуд дошт, вале алакай шоми 15 май номи профессор Розиқовро аз ин рӯйхати аъзои Шӯрои олимон бардошта, ба ҷояш Нидоев Парвиз Фозилович, сардори шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷии Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизматро ворид кардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *