Прокуратураи генералӣ мӯйро аз хамир ҷудо мекунад

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон  хабар додааст, ки Прокуратураи генералии  Тоҷикистон қарори прокуратураи  Ёвон дар хусуси рад кардани ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба аризаи сокини Ёвон Шаҳбоз Аҳмадовро бекор кард.

Аҳмадов ба прокуратура  шикоят карда буд, ки ӯро дар ШВКД Ёвон шиканҷа додаанд. Прокуратураи генералӣ  ба ролкурори Ёвон дастур дод, то ваҷҳҳои овардаи Шаҳбоз Аҳмадов дар хусуси шиканҷа шуданаш аз ҷониби мақомоти милисаи ин минтақаро аз нав тафтиш кунад.

Шаҳбоз Аҳмадов рӯзи 31 июл, чанд рӯз баъди раҳоияш аз боздошт ба Гуруҳи кумакҳои ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа бо дархости кумак муроҷиат кардааст.

Ӯ мегӯяд, рӯзи 16 июл бо гумони даст доштан дар як ҳамла бо корд дастгир шудааст ва аз 16 то 20 июл ӯро ғайриқонунӣ дар ШВКД шаҳри Ёвон нигоҳ доштаанд.

Ба гуфтаи Шаҳбоз Аҳмадов, аз рӯзи аввал дар боздошт таҳти шиканҷа қарор дошт ва ӯро зери мушту лагад гирифта, бо нирӯи барқ азоб медоданд, ки ин иттиҳомро ба гардан гирад. Аҳмадов ба ин дарду азоби ҷисмонӣ тоб наоварда, иқрор кардааст, ки ӯ дар ҳақиқат як нафарро бо корд зада, ба вай қасдан осеби вазнини ҷисмонӣ расондааст. Ин аъмол бар асоси қсими аввали моддаи 110-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷиноят маҳсуб шуда, ҷазояш аз 5 то 10 соли зиндон аст.

Аммо ҷабрдида, ки дар бемористон қарор дошт, дар симои Шаҳбоз Аҳмадов ҳамлагарро нашинохт. Ҳамин тавр, рӯзи 20 июл гумонбари аслӣ дар ин ҳамларо ошкор карданд ва Шаҳбоз Аҳмадов, ки бегуноҳ баромад, озод шуд. Маълум шуд, ки Шаҳбоз Аҳмадов дар ҷинояте, ки ба гардан гирифт, даст надоштааст.

Шаҳбоз Аҳмадов баъди раҳоияш аз боздошт барои ташхис муроҷиат кард. С.Ш.Наҷмиддинов, коршиноси шуъбаи ташхиси судиву тиббии ноҳияҳои Ҷомӣ, Хуросон ва Ёвон дар хулосааш навиштааст, ки «дар бадани Шаҳбоз Аҳмадов осебҳои ҷисмонӣ мушоҳида мешавад. Табиати ин осебҳо шаҳодат медиҳанд, ки онҳо дар натиҷаи истифодаи ашёи сахт тахминан рӯзи 17 июли соли 2018 бардошта шудаанд.”

6 август прокуратураи Ёвон ба санҷиши аризаи адвокат дар бораи рафтори ғайриқонунии кормандони ШВКД шаҳри Ёвон нисбат ба Шаҳбоз Аҳмадов шурӯъ кард. Вале прокуратураи  Ёвон ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар асоси ин аризаро рад кард, чунки дар анҷоми санҷиш ба хулосае расид, ки … дар рафтори кормандони милиса таркиби ҷиноят дида намешавад.

Адвокат аз ин қарор шикоят бурд ва Прокурори генералӣ л рӯзи 17 август маводи парвандаро талаб карда, аз нав таҳти омӯзиш қарор дод. Дар натиҷа, ин ниҳоди назоратӣ қарори  Ёвонро ба далели ғайриқонунӣ ва шитобкорона қабул шуданаш бекор кард.

Ин дафъа тафтиши ин парванда ба прокуратураи вилояти Хатлон супурда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *