Пурхӯрӣ дар Соли нав. Чӣ бояд кард, ки шаби ид “Ёрии таъҷилӣ” даъват накунем?

Соли нав ҷашнест, ки хурду калон ба истиқболаш шодӣ мекунанд. Сари дастархони пурнозу неъмат худдорӣ кардан аз ғизоҳои болаззат амрест маҳол, хусусан барои нафароне, ки пайваста парҳезро риоя намуда, бемориҳои рӯда доранду ҷарроҳиеро аз сар гузаронидаанд.

Бемориҳои хатарноки солинавӣ

Хатари аввал пурхӯрӣ аст, хусусан барои нафароне, ки бемориҳои музмин доранд. Тавре табибони терапевт ва ҷарроҳон қайд менамоянд, баъди ҷашнгирии Соли нав шумораи нафарони гирифтори захми меъда ва бемории санги талхадон, инчунин нафароне, ки баъди парҳези дарозмуддат яку якбора хӯрокҳои равғанину серғизо истеъмол кардаанд, бештар ба  қайд гирифта мешавад.

Хатари дигар заҳролудшавӣ (отравление) аст, зеро аксаран дар шаби Соли нав хӯришҳои гуногун омода менамоянд, ки бо сабаби тару тоза набудани баъзе маҳсулот ва истифодаи майонезу моҳӣ хатар эҷод мекунанд. Диққати бештарро ба хӯришҳои бозорӣ ва мағозагӣ равона кардан лозим аст, зеро маълум нест, ки маҳсулоти номбаршуда чанд муддат дар рафҳои мағозаҳо нигоҳ дошта шудаанд.

Кадом хӯрокро бояд хӯрд?

Беҳтараш хӯроки равғанину гӯштинро бо сабзавот истеъмол намоед. Баъди он ки хӯроки якуму дуюмро истеъмол мекунед, чой нанӯшед. Қоидаи тиллоиро фаромӯш насозед, бо вуҷуди бемор будан ё набуданатон чой, қаҳва ё компотро дарҳол баъди хӯрок нӯшидан лозим нест, балки 40 дақиқа тоқат намоед. Дарҳол баъди хӯрок нӯшидани қаҳва низ кори нодуруст аст. Бо риоя намудани қоидаи мазкур ҳам хушқаду қомат мемонед, ҳам хӯроки хӯрдаатон хубтар ҳазм мегардад. Агар диққат дода бошед, дар ошхонаҳои истироҳатгоҳҳо истаконҳои компот ё чойро мегузоранд, то ки мизоҷон аввал ташнагиро шикаста, баъдан хӯрок истеъмол намоянд. Дарҳол баъди хӯроки гарм ғизои сард хӯрдан мумкин нест, дар акси ҳол кашиши рӯдаҳо ва ҳал нашудани хӯрок рух медиҳад.

Ҷисмро тоза кунед

Тавре дар боло қайд намудем, сари дастархони пурнозу неъмат ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, хӯроки равғанинро кам истеъмол намуда, назорат намоед, ки маҳсулот тару тоза бошад. Аз нӯшидани оби зиёди минералӣ ва дигар обҳои газноке, ки дар баробари пурхӯрӣ вазъиятро душвортар месозанд, худдорӣ намоед. Баъди ҷашни Соли нав ҷисмро тоза кунед: парҳез ё танҳо сабзавот истеъмол намоед, метавонед як шабонарӯз танҳо кефир истеъмол намуда, ҷисмро аз ифлосиҳо тоза кунед. Агар чанд рӯз хӯроки зиёд истеъмол карда бошед, ҷисматон боз пурхӯриро талаб мекунад, аз ин рӯ, иродаи мустаҳкам мебояд. Рафту рӯдаҳоятон бемор бошаду ҳар шаб ҳатман хӯрок хӯрдан мехоста бошед, як ретсепти бениҳоят хуб — шабона ба як истакон кефир нони аз орди сиёҳ пухташударо реза карда, тановул намоед. Дар давоми 3-4 рӯз ҷисматон тозаву сатҳи холестерин паст мегардад. Субҳгоҳон як истакон оби ҷӯшидаву шарбати лимӯ ва як қошуқча асал нӯшида, ҳолати меъдаро ба эътидол меоред.

Машрубот ва заҳролудшавӣ аз он

Дар мадди аввал ба сифати нӯшокиҳое, ки истеъмол мекунед, диққат диҳед, зеро дар шаби Соли нав шумораи нафарони аз машрубот заҳролудшуда меафзояд. Беҳтараш нӯшокиҳои санҷидашударо аз мағозаҳои фирмавӣ харидорӣ намоед. Чун анъана дар шаби Соли нав шампон менӯшанд, вале агар дилатон намехоста бошад, барои нӯшиданаш худро маҷбур накунед. Муҳимаш ҳар нӯшокиеро, ки интихоб мекунед, бо нӯшокии дигар омехта насозед. Шампон нӯшокии сабук менамояд, вале аз он ба зудӣ маст шудан мумкин аст, бар замми ин, дарди сар пайдо мешаваду ба меъда низ чандон фоида надорад. Хатои калон дар он аст, ки машрубот бо оби минералӣ нӯшида шавад. Беҳтар аст ба ҷои оби минералӣ оби муқаррариро истифода баред. Баъдан, фаромӯш насозед, ки аз меъёр зиёд нӯшидани машрубот ба ҷигар зарар дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *