Путин ба Парвиз Пӯлодӣ медал дод

Федератсияи Россия ҳунарманди боистеъдоди тоҷик Парвиз Пӯлодиро барои хизматҳои шоиста дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар бо мукофоти олӣ — медали “За заслуги в области культуры и искусство” сарфароз гардонд. Дар ин бора худи ҳунарманд дар Фейсбук хабар дод.

Парвиз Пӯлодӣ аз зумраи он ҳунармандони ангуштшумори тоҷик мебошад, ки на дар як, балки дар чанд бахши санъат ва фарҳанг ҳунару маҳорати асил нишон додааст. Парвиз оҳангсози моҳир, овозхони хушсалиқа, актёри бомаҳорат, коргардони хуб буда, ҳамзамон истеъдоди баланди қаламкашию рӯзноманигорӣ дорад. Вақтҳои охир ин ҳунарманди боистеъдод тариқи шабакаҳои радиову телевизионҳои маҳаллӣ хеле кам баромад мекунад, вале ин маънои хомӯшии эҷодӣ ё ғуруби ҳунарии ӯро надорад.

Солҳои охир Парвиз Пӯлодӣ баръакс хеле сермаҳсул гаштааст ва бештар бо киностудияҳои Русия ва дигар давлатҳои ҳамсоя ҳамкорӣ карда, дастовардҳои хеле назаррас ба даст меорад. Медали “Барои хизматҳои шоиста дар соҳаи фарҳанг ва санъат”-и Федератсияи Россия, ки насиби ин ҳунарманди тоҷик гашт, аз зумраи чунин ҷоизаҳост.  

Як сабаби дар филмҳои Русия нақш офаридани Парвиз Пӯлодӣ ин нишон додани паҳлӯҳои мусбати ҳаёти тоҷикон аст, ӯ мехоҳад ба тамошобин бирасонад, ки тоҷикон бузургу асилзода ҳастанд ва таъриху тамаддуни куҳан доранд.

Парвиз Пӯлодӣ нафарест, ки тамоми ҳастияшро ба санъат бахшида, ҳам дар оҳангсозӣ, ҳам сарояндагӣ ва ҳам актёрӣ муваффақ шудааст. Ӯ пас аз хатми донишкада ба Ватан баргашта, муддате дар театр ва сипас дар телевизион ба ҳайси коргардони барномаҳо фаъолият намудааст.

Парвизро мухлисонаш ҳамчун оҳангсоз, сароянда ва ҳунарманд мешиносанд. Нақшҳои ӯ натанҳо дар филмҳои хориҷӣ, балки дар “Тоҷикфилм” низ муассир ва назаррасанд. Охирин нақши офаридаи ӯ дар синамои тоҷик дар филми “Охирин сайди сайёд” – и коргардони муваффақ Муҳаммадрабии Исмоил буд. Парвиз дар он яке аз нақшҳои асосиро иҷро кард. Ӯ боз ба ду филми нави ватанӣ даъват шудааст, ки банаворгирии онҳо ба наздикӣ оғоз хоҳад ёфт. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *