Путин бекор кард! Русия дигар ба низомиёни тоҷик нафақа намедиҳад

Президенти Русия Владимир Путин бо имзои бекор кардани ду созишнома таъмини нафақа ба низомиёни кишварҳои узви ИДМ-ро қатъ кард. Аз ин ба баъд хизматчиёни ҳарбии тоҷик наметавонанд бо гирифтани шаҳрвандии Русия нафақаи ин кишварро бигиранд.

Соли 1992 байни кишварҳои узви ИДМ дар бораи танзими таъминот бо нафақаи хидматчиёни ҳарбӣ 2 созишнома ба имзо расида буд: Созишнома дар бораи тартиби таъминот бо нафақаи хидматчиёни ҳарбии кишварҳои узви ИДМ ва Созишнома дар бораи тартиби таъминот бо нафақаи хидматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ.

Зери созишномаҳо Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина имзо гузоштанд.

Дар асоси ин созишнома тартиби пардохти нафақа ба хидматчиёни ҳарбӣ ба усули қаламрав асос меёфт. Ҳангоми кӯчбандӣ ба маҳали зисти доимӣ ба дигар кишвари ИДМ ба нафақагир аз рӯи қонунгузории кишвари иқомат нафақа таъин мешуд. Яъне хизматчиёни ҳарбии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон метавонистанд баъди нафақа шаҳрвандии Русияро гирифта, бо тартиби ҳамон давлат нафақа гиранд.

Аз ин ба баъд дар ҳолати ба Русия кӯчидани хидматчиёни ҳарбии тоҷик онҳо нафақаи Русияро намегиранд, балки аз Тоҷикистон нафақа дарёфт хоҳанд кард. Гарчанде шаҳрванди Русия ҳам шаванд. Чунин тартиб дар асоси созишномаи дуҷонибаи байналмилалӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, бекор шудани созишномаҳо ба ҳуқуқҳои нафақахӯрони ҳарбии амалкунанда, яъне ба касоне, ки аллакай нафақаашон таъин шудааст, дахл намекунад ва онҳо мисли тартиби пешина онро мегиранд.

Агар шумо хидматчии ҳарбии Русия бошеду ба дигар кишвари ИДМ рафтед, пас нафақаи шумо мутобиқи Муқаррарот дар бораи тартиби пардохти нафақаи суғуртавӣ ба шахсоне, ки барои иқомати доимӣ ба берун аз ҳудуди қаламрави Русия рафтаанд, пардохт мешавад.

Агар шумо хидматчии ҳарбии Тоҷикистон бошед, нафақаатон тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҶТ” танзим шуда, лекин агар ба Русия кӯчед, пас пардохти нафақа аз ҷониби Тоҷикистон тибқи маблағи муқарраркардаи давлат идома меёбад.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *