Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ

Фалсафаи рӯзадории тоҷикӣ

Мехоҳам андешаҳои худро перомуни шеваи рӯзадории тоҷикӣ баён кунам. Наздики 30 сол мешавад, ки мо соле 1 моҳ рӯзадорем ва мушоҳидаҳои зиёде аз ин таҷриба андӯхтаем. Андешаҳои мо илмӣ набуда, назар ва мушоҳидаи шахсист ва шумо метавонед дар баъзе қисматҳо моро ислоҳ кунед.

Ростӣ, шахсе, ки рӯза мегирад, имону иродааш хеле қавӣ мебошад, зеро баъзе авқот то 17 соат худро аз хӯрдану нӯшидан бозмедорад. Ин кори осон нест ва ҳар кас ба ин кор қодир ҳам буда наметавонад. Аммо ин гурӯснагии рамазонии мо то кадом ҳад дуруст аст?

Аз кӯдакӣ волидайн вақти аусарӣ моро ташвиқ ба хӯрдани зиёди анвои хӯрок мекунанд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки «писарам, бисёр бихӯр, то гурӯсна намонӣ!». Мо бо ҳамин фалсафа шикамро пури пур мекардем ва то 1,5 — 2 литр обро ҳам менӯшидем, ки гурӯснаву ташна намонем.

Инчунин, дар вақти Рамазон волидайн он қадар кор карданамон ҳам намонда, мегуфтанд: «Бача рӯзадор аст, ғамаш надиҳед!». Рӯзи дароз истироҳат мекардему рӯзро бо хобу тамошои телевизион шом менамудем. Бонувони хона бошанд, аз нисфирӯзӣ дар фикри хӯроки шом меафтоданд ва кӯшиш менамуданд, ки ҳеҷ ҷойи дастархонро холӣ нагузоранд.

Ана акнун вақти рӯзакушоӣ мешуду мо чун гурги гурӯсна ба дастархон ҳуҷум мекардем. Ончунон мехӯрдем, ки меъдаамон дар ҳайрат мемонд. Ҳамагӣ чанд соат пас, аусарӣ боз ин корро дубора анҷом медодем, яъне ончунон мехӯрдем, ки қариб гурӯснагиро ҳис намекардем. Ҳоло ҳам аксарият чунин мекунанд.

— Мардак, Рамазон омад, тухму ҳасибу паниру гӯшту асалу мағзу мавиз бихар, то роҳат карда хӯрему гурӯсна намонем,- мегӯянд занҳо.

Яъне, ин моҳ ҳоло ҳам моҳи роҳат асту ҳеҷ мо гурӯснагии комилро ҳис намекунем.

3 сол пеш, ки Рамазон ба тобистон рост омада буд, дохили мошин кампире аз Кӯлоб то Ҳамадонӣ моро ҳамроҳӣ мекард. Ронанда аз куҷо омаданашро пурсид ва кампир ҷавоб дод:

— Бачам, имсол Рамазон гарм ки буд, рафта як моҳ дар хонаи духтарам, дар Ховалинг истода, дар ҳавои салқин рӯзадорӣ кардам ва акнун ба хона меравам.

Ин аст фалсафаи рӯзадории мо!

Акнун чанд савол:

1. Оё мо ба он хотир рӯза намегирем, ки гурӯснагиву ташнагиро дар вуҷуди худ ҳис кунему ба қадри бенавоёну бечорагон бирасем?

2. Оё чунин шеваи рӯзадории мо дуруст аст?

3. Шарт аст, ки баъди хӯроки шом 3 соат пас (аусарӣ) боз хеста шиками худро пур кунем?

4. Барои шахси рӯзадор бояд шонс дода шавад, то кам кор кунаду ҳама ӯро эҳтиром намоянд?

5. Оё мо дар ин таҷрибаи рӯзадорӣ нафсро ғуломи худ кардаем ва ё ҳамоно ғуломи нафсем?

Мо, ростӣ, фалсафаи ин рӯзадориро нафаҳмидем. Ба назари мо аз ин моҳи муборак бояд шеваи идора кардани нафсро омӯзему шикастанафс бигардем. Инчунин, аз бандагии шикам озод шавем, зеро бузургтарин мушкилоти инсон ин аст.

Румии бузургвор ҳам ҷое чунин гуфта:

Модари бутҳо бути нафси шумост,

Зеро он бут мору ин бут аждаҳост.

Ин буд чанд андешаи мо дар асоси мушоҳидаи 30-солаи рӯзадории худ.  

Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *