Бадахшон Зардакова: Келинро дӯст бояд дошт

Меҳмони навбатии гўшаи “Маслиҳати хушдоман” журналисти собиқадор, сокини шаҳри Бохтар Бадахшон Зардакова ҳастанд.

Мо ба ин бонуи эҷодкору рӯзгордида бо чунин савол муроҷиат кардем:

— Муаллимаи азиз, ба андешаи шумо, калиди хушбахтии оилавӣ дар чист?

— Оила даргоҳи муқаддас аст. То омадани келин ҳама тинҷ аст, ҳама модарон орзу доранд, ки соҳиби келини хуб бошанд, чунки келин ояндаи ин хонадон аст. Чун бо ҳазорон армон ба хонадонат келин мефарорӣ, ўро хуш қабул намудан лозим аст. Духтар аз канори гарми волидайн, хонаи падарӣ ҷудо шуда, ба хонаи ту ба хотири писарат меояд. Барои одат намудани ў ба ин навгониҳои ҳаёташ сабр бояд намуд, роҳбалад бояд буд.

Духтари мардум бо умед ба хонаи бахт қадам мемонад ва ўро чун фарзанд қабул намудан лозим аст. Яъне, ўро тарбия додану ба оянда тайёр кардан лозим. Аксари духтарони ҳозира баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил мешаванд ва вақти каме барои омўхтани баъзе ҳунарҳои сифр занона меёбанд. Хушдоман дар навбати худ бояд ҳама ҳунарҳои доштаашро ба келинаш омўзонад. Ҳар гуноҳи келинро пеши рўйи писар овардаю ўро гунаҳгор кардан беақлист. Бисёр мешавад, ки дахолати калонсолон боиси пош хўрдани оилаҳои ҷавон мегардад. Модароне, ки боиси шикасти бахти писарон, бадбахтии келин ва зиндаятим мондани набераҳояшон мешаванд, мутаассифона, кам нестанд. Хушдоман бояд аз уҳдаи сарварии хонадон барояд. Сабр калиди ҳамаи хушбахтиҳост, агар модари оила босабр бошад, он оила хушбахту солиму обод мемонад.

Келинро дўст бояд дошт, зеро танҳо ў дар охири умр парастори хусуру хушдоман мешавад. Тавре зиндагии оилавиро ба роҳ мондан лозим аст, ки фардо бемор шудӣ, дили келин бароят бисўзад. Қадратро бидонад, ба ҳастият эҳтиром гузорад. Хушдомане, ки боиси пош хӯрдани оилаи писар ё духтараш мешавад, дар назари фарзанду набераҳояш ҳам бад мешавад. Беҳтарин роҳи муносибат дар оила якдигарфаҳмӣ, келинро бад накардан ва роҳбаладӣ намудан дар ҳаёти мустақилона аст.

Худо хоҳад, оқибати оилае, ки он ҷо якдилию меҳру муҳаббат, аз ҳама муҳимаш, сабр мавҷуд аст, хуб мешавад.

Масъули гўша: ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *