оила

Машварати ҳуқуқӣ: Шавҳарам насабашро намедиҳад

Бо шавҳарам никоҳи мусулмонӣ дорам, никоҳамон дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта нашудааст. Як кӯдак дорам, мехоҳам, ки ба фарзандам бо насаби шавҳарам шаҳодатномаи таваллуд гирам, аммо шавҳарам насабашро ба кӯдак надода истодааст. Ба куҷо муроҷиат кунам?

ЗАРОФАТ, шаҳри Ваҳдат

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Дар сурати аз падару модари ақди никоҳ надошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шахсе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.

Бо ҳамин асос, ба шумо тавсия медиҳем, ки бо аризаи даъвогӣ оид ба муқаррар намудани падарӣ ба суд муроҷиат намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *