Суперҷом ба Ҳисор кўчид, VAR ба майдон меояд

Бо қарори Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кўлоб аз Хуҷанд ба Ҳисор иваз карда шуд.

Далели иваз кардани макони бозӣ барои Суперҷоми кишвар омода набудани чамани варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон» гуфта мешавад. Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони нави баргузории бозӣ интихоб шуд. Вохўрӣ миёни бошгоҳҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кўлоб рўзи 6-уми май, соати 18:00 оғоз мешавад.

Қарор буд дар ҳамин бозӣ системаи кумакдовар (VAR) ба кор шуруъ кунад, аммо ба иттилои масъулини ФФТ ба далели таъхир дар интиқоли таҷҳизот ба таъхир афтод. Истеҳсолкунандаи таҷҳизот барои Тоҷикистон Slomo.tv аст, ки дорои гувоҳономаи FIFA мебошад. Вақти пешбинишудаи ворид шудани таҷҳизоти системаи кумакдовар аввали моҳи май гуфта мешавад.

Ба далели он ки Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон то ҳол санҷиши амалии доваронро дар мавриди истифодаи системаи кумакдовар анҷом надодааст, тибқи талаботи FIFA, истифодаи системаи VAR то нимаи дуюми чемпионат дар Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *