Путин дар робита ба кушта шудани кӯдаки 10-солаи тоҷик изҳори ҳамдардӣ кард

Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми суҳбат бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба кушта шудани Қобилҷон Алиев, кӯдаки 10-солаи тоҷик дар яке аз мактабҳои шаҳри Одинсовои Маскав изҳори ҳамдардӣ баён кард.

Владимир Путин зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба оила ва пайвандони Қобилҷон Алиев ҳамдардӣ баён кард ва ваъдаи таҳқиқи қатли ин навраси 10-солаи тоҷикро дод.

“Гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт… Анҷом додани амалиётҳои террористӣ нисбат ба кӯдакон нафратангез аст. Тафтишот то охир анҷом хоҳад ёфт ва гунаҳкорон, агар якчанд нафар бошанд, бешубҳа, ба пуррагӣ ҷазо хоҳанд гирифт. Ман боз ҳам такрор мекунам, ин ҷиноят маро ҳайратзада кард”, – изҳор дошт Владимир Путин.

Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба ин аз Владимир Путин изҳори сипос кард ва гуфт, “ҳодисае, ки рух дод, ғайричашмдошт буд”.

“Ҳодисае, ки рух дод, мо мехоҳем, ки аз тарафи сохторҳои интизомии шумо бодиққат таҳқиқ шавад ва ба гунаҳкор ҷазои сахт дода шавад. Ман умед дорам, ки қазия зери назорати шумо хоҳад буд”, – гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *