Путин: Муҳоҷиронро бепул ваксина кунед!

Президенти Русия Владимир Путин рӯйхатти супоришҳо бар асоси натиҷаҳои Форуми байналмилалии иқтисодии Петербургро тасдиқ кард. Дар ин рӯйхат, ки рӯзи 27 июн дар сомонаи расмии Кремл нашр шуд, таҳти №1 масъалаи ташкили маъракаи эмкунӣ ё худ ваксиназании муҳоҷирони корӣ зикр шудааст:

«1. Ба ҳукумати Федератсияи Русия:
а) барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав (COVID-19) имкони бепул эм кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиеро, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, бо риоияи талаботи санитариву эпидемиологӣ таъмин кунад.
Ҳисобот – то 30 июни соли 2021…
в) барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав (COVID-19) эм кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиеро, ки ба Русия бо мақсади кор меоянд, ташкил карда, манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои марбутаро муайян кунанд.
Муҳлат – 15 июли соли 2021.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *