QR-код барои муҳоҷирон. Ҳатмист ё ихтиёрӣ?
Сабти ном дар замимаи RuID ва гирифтани рамзи электронӣ (QR код) пеш аз сафари Русия, ки дар аввал ҳатмӣ буд, ҳоло ихтиёрӣ унвон шудааст. Дар ин бора Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҳамчунин, ин хабарро дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ тасдиқ карданд.
Мушкил эҷод намешавад
Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳифаи Телеграммаш навиштааст, ки надоштани рамзи QR ҳангоми убури марзи Русия мушкил эҷод нахоҳад кард ва асос барои рад кардани вуруд ба Русия намешавад.
Сафорат танҳо гуфтааст, сабти ном дар замимаи RuID ҳарчанд ихтиёрӣ аст, вале баъзе бартариҳо дорад. Аз ҷумла, шаҳрванди хориҷӣ мефаҳмад, ки ҳақи вуруд ба Русияро дорад ё не. Инчунин сабти ном дар ин барнома гирифтани симкорти ширкатҳои Русияро барои муҳоҷирон осон мекунад. Дар Сафорати Русия гуфтанд, ки озмоиши шеваи нав то моҳи июни соли 2026 идома мекунад.
Талаботи нав ва таҷрибаи аввалин рӯзҳо
Бар асоси қарори Ҳукумати Федератсияи Русия, №1510, аз 7-уми ноябри соли 2024, ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки бо низоми бевиза вориди Русия мешаванд, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, муваззафанд пеш аз сафар дар барномаи мобилии “Госуслуги RuID” сабти ном карда, маълумоти биометрии худро пешниҳод намоянд ва пас аз тасдиқи дархост QR-код бигиранд. Ин рамзи рақамӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ бояд бо шиноснома пешниҳод гардад.
Дар рӯзҳои аввали татбиқи ин таҷриба аксарияти шаҳрвандон QR-кодро дастрас накарданд. Сабаби он норасоии маълумот, мушкили дастрасӣ ба интернет ва надоштани маълумоти пурра дар барнома аст. Аммо сарҳадбонони Русия дар гузаргоҳҳо дар баъзе ҳолатҳо мусофиронро бе QR-код иҷозат доданд, чун дастгоҳҳо ва зерсохторҳои системаи RuID ҳанӯз ба таври комил омода нестанд.

QR-код – воситаи назорат ё расонидани хизмат?
Ба гуфтаи мақомоти Русия, ин иқдом бо ҳадафи беҳсозии назорати муҳоҷират ва рақамисозии хизматрасониҳо роҳандозӣ шудааст. Пас аз сабти биометрӣ ва гирифтани QR-код шахс метавонад дар Русия ба хидматҳои электронӣ дастрасӣ ёбад – мисли гирифтани СНИЛС, сим-корт, патент, кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳо.
Аз як сӯ, ин метавонад равандҳоро шаффоф ва соддатар созад. Аммо аз сӯи дигар, талаботи QR-код як монеаи иловагӣ барои ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки дар кишварҳои дорои инфрасохтори рақамии қавӣ зиндагӣ намекунанд.
Қонунан ҳатмист, амалан ҳанӯз «озмоишист»
Дар сатҳи расмӣ талабот ҳатмист. Яъне, қонунан, ҳар шахси бевиза воридшаванда муваззаф аст рамзи QR дошта бошад. Аммо Вазорати рақамии Русия иқрор кардааст, ки ҳоло ин иқдом дар шакли таҷрибавӣ роҳандозӣ шудааст ва муҷозоти ҷиддӣ ё радди сарҳад барои надоштани рамз то ҳол татбиқ намешавад. Бо вуҷуди ин, ҳар шахсе, ки ба ворид шудан ба Русия нияти ҷиддӣ дорад, бояд омода бошад, ки дар мавриди надоштани QR-код метавонад бо таъхир, бозпурсӣ ё ҳатто манъи убур рӯ ба рӯ шавад.
Бидуни машварат бо кишварҳои ОМ
Дар дохили ҷомеа ва расонаҳои Осиёи Марказӣ нигарон аз он ҳастанд, ки чунин тағйироти муҳим, ки садҳо ҳазор муҳоҷирро фаро мегирад, бидуни машварат бо ҳукуматҳои кишварҳои минтақа роҳандозӣ мешавад. Дар ҳолати Тоҷикистон, ки беш аз 1 миллион шаҳрванди он ба таври доимӣ ё мавсимӣ дар Русия қарор доранд, ҳар тағйирот дар сиёсати муҳоҷиратӣ таъсири мустақим ба зиндагии ҳазорҳо хонавода мегузорад.
Андешаи ҳуқуқшиносони самти муҳоҷират
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки QR-код ба як унсури муҳими «идентификатсияи рақамӣ» мубаддал мешавад. Дар оянда шояд надоштани он на танҳо барои вуруд, балки барои иқомат, иҷозати кор ва пардохти андоз мушкил эҷод кунад. Ин қадам як навъ «шартномаи нонавишта» бо давлати Русия мебошад: ҳар ки ворид мешавад, бояд дар низоми электронӣ ҳамчун «шахсияти рақамӣ» сабт ёбад.
Масъулият ба дӯши мусофирон
Бо он ки талаботи QR-код ҳоло пурра амалӣ нашудааст ва дар баъзе ҳолатҳо сарҳадбонон мусофиронро иҷозат медиҳанд, вале бо устувор шудани системаи RuID ва пур шудани пойгоҳи додаҳо, дар ояндаи наздик шахсони бидуни сабти рақамӣ шояд натавонанд вориди Русия шаванд.
Аз ин рӯ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафар, таҳсил ё кор дар Русия доранд, тавсия дода мешавад, ки барномаи RuID-ро пешакӣ дар кишвар насб ва сабт кунанд, маълумоти худро ворид намоянд ва рамзи QR-ро пеш аз парвоз дастрас намоянд.
Қариб ду даҳа боз тоҷикон бо ҳама душвориҳо барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд. Инак, як монеаи нав пеш омад. Аммо шояд ин ҳам як марҳалаи гузариш ба сӯйи муносибатҳои мураттабу рақамисозишуда бошад.
Вақт нишон медиҳад: QR-код ба муҳоҷири тоҷик ёрӣ мерасонад, ё боз як мушкили дигар эҷод мекунад.
Х. Давлатова, ш. Москва
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ