Рӯнамоии “Гавҳораи муҳаббат”-и Шоистаи Равшан дар Душанбе

Имрӯз, 12  май дар толори “Русское пространство”-и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия рӯнамоии китоби “Гавҳораи муҳаббат” – “Колибель любви»-и нависандаи тоҷики муқими Қирғизистон Шоистаи Равшан баргузор гардид.

“Колибель любви» маҷмӯаи мақолаву ёддошт дар бораи волидайн аст. “Ин маҷмӯа, маҷмӯаи муҳаббат аст. Муҳаббат ба волидайн. Мо дар зиндагӣ на ҳамеша ба падару модар изҳори муҳаббат ва миннатдорӣ баён мекунем, бинобар ин, лоиҳаи мо имкон фароҳам овард, ки эҷодкорони тоҷик, ӯзбек, рус, қирғиз, қазоқ ва дигар кишварҳо муҳаббаташонро ба волидайнашон изҳор намоянд”,-гуфт Шоистаи Равшан.

Маҷмӯае, ки имрӯз рӯнамоӣ шуд, ҷилди дуюми ин китоб аст. Ҷилди аввали он чанд сол қабл нашр ва рӯнамоӣ шуда буд. Дар умум, дар ду ҷилди “Колибель любви» намунаи назму насри беш аз 100 нафар ба нашр расидааст. Дар ҷилди дуюми ин китоб хотироти Манзура Ӯлҷабоева (духтари Котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев), Лола Додхудоева (фарзанди сиёсатмадор Назаршо Додхудоев), Зулфия Миршакар (фарзанди шоир Мирсаид Миршакар), Саидбурҳон Икромӣ (набераи шоир Туғрал), Нажод Маҳмудӣ (фарзанди аввалин вазири маориф ва нависанда Вадуд Маҳмудӣ), Саноат Азизова (фарзанди нависанда Мусаввада Азизӣ ва набераи нависанда Баҳриддин Азизӣ), Парвона Аҳрорӣ (фарзанди Зоҳир Аҳрорӣ) ва дигар адибону рӯзноманигорон, аз қабили Лидия Исамова, Маҳмадулло Табарӣ, Мирзошо Ватаншоев, Марҳабо Зунунова, Хуршеда Ҳамроқулова дар бораи волидайнашон ба нашр расидааст.

“Ин китоб талқин мекунад, ки ба қадри волидайнамон бирасем ва ба онҳо арҷ гузорем”, – мегӯяд Шоистаи Равшан.

Нависанда мегӯяд, ки ҷилди сеюми ин китоб ҳам омодаи чоп аст ва ба қарибӣ ба дасти хонандагон хоҳад расид.

Ёдовар мешавем, ки Шоистаи Равшан нависандаи тоҷики муқими Қирғизистон аст ва дар макотиби олии ин кишвар дарс мегӯяд. Ӯ чанд соли охир аз сабаби сардии муносибат миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва баста шудани роҳҳо натавониста буд, ки ба Тоҷикистон ояд.

 “Бисёр хуб шуд, ки сарони кишварҳо ба тавофуқ расиданд ва роҳҳо боз шуд. Аз ин ба баъд имкон ҳаст, ки мисли замони собиқ бидуни мушкилӣ равуо кунем. Ман Душанберо ёд карда будам, зеро пайвандонам дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд”,-мегӯяд нависанда.

Шоистаи Равшан зодаи ноҳияи Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айниро хатм карда, беш аз 20 сол аст, ки дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад ва дар макотиби олии ин кишвар аз фалсафаву равоншиносӣ дарс мегӯяд. Узви Иттифоқи нависандагони Қирғизистон, Аълочии фарҳанги Қирғизистон ва раҳбари гуруҳи эҷодии “Аржанг” мебошад. Муаллифи беш аз 60 асари илмиву адабӣ аст. Китобҳояш “Оғози беанҷом”, “Одамушшуаро Рӯдакӣ”, “Дона-дона марворид” ва ғайра ба дасти хонандагон расидаанд. Ӯ мураттиби маҷмӯаи назму насри “Мозайка” мебошад, ки то имрӯ 3 ҷилди он ба табъ расида, намунаи осори беш аз 200 шоиру нависандаро дар бар гирифтааст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *