Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон
Аз 19 то 23 майи соли 2025 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкории фарҳангии ду кишвар доир мешаванд.
Тавре ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додаанд, барномаи ин чорабинӣ консертҳо ва намоиши ҳунарҳои мардуми Озарбойҷонро дар бар хоҳад гирифт.
Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ боиси мустаҳкам гардидани робитаҳои ду давлат дар бахши фарҳанг ва санъат мегардад, ки барои дӯстдорони санъат ва фарҳанг аҳамияти махсус дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда буд, ки дар доираи он намоишгоҳҳо ва барномаҳои консертӣ бо ширкати ҳунармандони тоҷик баргузор гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ