Рӯзи дарҳои кушод дар Амонатбонк
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва “Амонатбонк” барои соҳибкорон ва муштариён «Рӯзи дарҳои кушод» -ро баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси Раёсати «Амонатбонк» Ризвонзода Ф.З., Роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Холгер Вифел, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Ю.Х., соҳибкорону кормандони “Амонатбонк” иштирок намуданд.




Роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Холгер Вифел ва муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Ю.Х. вобаста ба анҷоми муввафақонаи барномаҳои «Банақшагирии гузариши иқлим» ва «RSBP — боло бурдани потенсиали кадрӣ» ибрози ақида намуданд.
Дар доираи чорабинӣ КВД БА ҶТ «Амонатбонк» аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои анҷом додани муваффақонаи барномаи омӯзишии «Банақшагирии гузариши иқлим» бо ҷоиза сазовор гардонида шуд.

Ҳамчунин, як қатор кормандони бонк барои хатми муваффақонаи курси омӯзишӣ дар доираи барномаи БАТР «RSBP — Боло бурдани потенсиали кадрӣ» бо ҷоиза қадрдонӣ шуданд.
Дар доираи «Рӯзи дарҳои кушод»-и БАТР мутахассисони бахши қарзии «Амонатбонк» аз вилоятҳои Суғду Хатлон, НТМ ва шаҳри Душанбе ба омӯзиш дар мавзӯи «Таҳлили лоиҳаҳои сармоягузории тиҷорати хурду миёна» барои баланд бардоштани малакаи касбии хеш ва муштариёни Амонатбонк дар мавзӯи «Тавсеаи тиҷорат бо рушду тавонмандиҳои содиротӣ» фаро гирифта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ