Рӯзиматов: Вазъи балети тоҷик ҳузнангез аст!

Дар фазои фарҳанги Тоҷикистон инқилоб ба вуҷуд омад: ситораи балети ҷаҳонӣ, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарманди халқии Русия Фаррух Рӯзиматов ба Ватан баргашт. Санаи 4 декабр баъди 30 соли дурӣ Фаррух Рӯзиматов дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ду партияи ҷаҳонии худ “Балеро”-и Морис Равел ва “Марги шоир”-и Густав Малерро иҷро қард. Вале хабари ғайриинтизор ба сифати сарбалейтместери театр таъйин шудани ин устоди санъат буд.

Фаррух Рӯзиматов – нобиғаи балет

Барои мухлисони бритониёӣ ӯ “бабри мавзун”, барои дӯстдорони балет дар Амрико “раққоси тиллоии аср”, барои ҷопониҳо “нобиғаи балет”, барои фаронсавиҳо “истеъдоди нодир”, барои русҳо “сармояи миллӣ”, барои ӯзбекҳо “устоди ҳунари балет” ва барои тоҷикон фарзанди Тоҷикистон аст. Ӯ дар суҳбатҳояш худро заҳматкаши саҳна гуфтааст, ки ҳақ асту рост. Агар ин тавр набуд, ба ин қуллаҳо намерасид.  

Таджикистан посетит звезда мирового балета Фаррух Рузиматов

Фаррух Рӯзиматов 26 июни соли 1963 таваллуд шудааст. Волидайнаш аз ноҳияи  Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон аст. Ҳанӯз дар синни 10-солагӣ замони зиндагиаш дар Душанбе ҳамчун як навраси боистеъдод барои таҳсил ба мактаби маъруфи балети Ваганови шаҳри Санкт-Петербурги Русия бурда шуд.

Аз ҳамон айём то ба ҳол ӯ тамоми зинаҳои ин ҳунарро паймуда, дар саҳнаҳои театрҳои маъруфи ҷаҳон дар шаҳрҳои Маскав, Лондон, Токио, Венетсия, Ню-йорк ва ғайра ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ, назири “Ниқоби тиллоӣ”, “Балтика”, “Чароғи тиллоӣ”, “Benois de la Danse” (Бенуа де ла Данс) ва ғайра шудааст. Ӯ унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва ҳунарманди халқии Русияро дорад. Солҳо ситораи саҳнаи театри Мариински Русия буд. Дар бузургтарин саҳнаҳо ҳунарнамоӣ кардааст.

Як замон раҳбарии Театри бузурги балети Ӯзбакистонро ба зимма дошт. Аз моҳи марти соли равон раҳбари гурӯҳи балети Театри опера ва балети шаҳри Новосибирски Русия буд.

Барои Фаррух маблағ муҳим нест

Ҳафтаи равон Камолиддин Сайфиддинов, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зимни як нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод, ки ситораи ҷаҳонии балет аз ин ба баъд сарбалетмейстери театри мазкур хоҳад буд.

Бал сказок" | Государственный Кремлёвский Дворец

“Омадани Фаррух ангезаи бисёр хубе барои рушди ҳунари балет дар Тоҷикистон хоҳад буд. Байни театр ва ӯ тавофуқ шуд, ки Фаррух намояндаи театри мо ба унвони сарбалетмейстер бошад. Ин барои Тоҷикистон як рӯйдоди таърихӣ аст”, — гуфт ӯ.

Баъд аз сӣ соли тарки Тоҷикистон ситораи балети ҷаҳонӣ Фаррух Рӯзиматов розӣ шудааст, сарбалетмейстери Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шавад.

Баробари садо додани ин хабар саволе дар зеҳни  ҳамагон пайдо шуд, ки оё Тоҷикистон имкони пардохти музди Фаррух Рӯзиматовро дорад? Зеро тавре маълум аст, маъмулан ситораҳои ҷаҳонӣ барои кор ҳаққулзаҳмати хеле баланд талаб мекунанд.

Вале Камолиддин Сайфиддинов мегӯяд, ки барои Фаррух Рӯзиматов маблағ чандон аҳамият надорад.

“Дар бораи маоши гӯшношунид Фаррух Рӯзиматов аслан сухан нагуфтааст. Вай ҳатто гуфт, ки барои ташрифи ахираш ба ҳеҷ гуна подоше ниёз надорад. Ба мавзӯи маош феълан таваҷҷуҳе ҳам надорад. Ҳоло Фаррух Рӯзиматов ба мавзӯи рушди ҳунари балет ва театр бештар алоқаманд аст ва ба ин хотир ба унвони як тоҷиктабор розӣ шуд, ки ӯро ба вазифаи сарбалейтместери театр таъйин кунем”,-мегӯяд Камолиддин Сайфиддинов.

Банда бо Фаррух Рӯзиматов суҳабти кутоҳе доштам. Нахуст таассуроташро аз сафараш ба Тоҷикистон пурсидам:

“Ман аз фурудгоҳ рост ба театр барои тамрин омадам ва ҳоло фурсат пайдо накардаам, ки шаҳрро тамошо кунам. Аммо он чӣ дидам, Душанбе хеле зиёд тағйир ёфтааст. Театр хушбахтона, ҳамоне аст, ки қаблан буд”.

Фаррух Рӯзиматови номдор ба Тоҷикистон меояд - Pressa.tj

Рӯзиматов мегӯяд, аз мушоҳидае, ки дар чанд рӯз дошт, вазъи балетро дар театри тоҷик нигаронкунанда арзёбӣ кард:

“Гап дар сари он ки хурдтарин гурӯҳи балет бояд аз 50 нафар иборат бошад, аммо труппаи балети Театри опера ва балет аз 15 солист иборат аст, ки ин албатта ҳузнангез мебошад.”

Рӯзиматов мегӯяд, ки корро аз тарбияи кадрҳо оғоз мекунад:

“Барои ба сатҳи лозимӣ баровардани балети тоҷик камаш 2 сол лозим аст. Нахуст бояд кадр тарбия кард ва баъдан бо онҳо кор кард”.

“Дар синну соли шумо одатан раққосони балет фаъолияташонро қатъ мекунанд, аммо шумо пурэнержӣ ҳастед” – мегӯям ба Рӯзиматов.

“Ташаккур, ки синну соли маро хотиррасон шудед, — ба табассум мегӯяд, Рӯзиматов ва идома медиҳад, — балет санъати шоқа аст, ҳамарӯза соатҳо кор бояд кард. Ман ҳам умре кор мекунам”.

Гӯшакӣ ба масъулин

Банда дар вохӯрие, ки 3 декабр дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо Фаррух Рӯзиматов ва масъулини театр шуд ин ҳарфро гуфтам ва боз таъкид мекунам:

Вақте фаъолияти Фаррух Рӯзиматовро омӯхтам, дарк кардам, ки ӯ табиатан инсони хеле нозук аст ва дар ҳар куҷое фаъолият кардааст, корро худаш қатъ кардааст. Бинобар ин, агар Фаррух Рӯзимтов нозу нуз ҳам кард, эркагӣ ҳам кард, шартҳои барои Тоҷикистон ғайримаъмулӣ ҳам гузошт, маблағи беш ҳам талаб кард, мо бояд тоқат кунем ва аз домани ӯ маҳкам дорем, зеро ӯ нафарест, ки метавонад шуҳрати замони шӯравии балети тоҷикро барқарор кунад. Дигар ин ки Фарух Рӯзиматов фарзанди Тоҷикистон аст ва хушбахтист, ки маҳз ӯ розӣ шудааст, ки дар Ватан кор кунад. Мо бояд аз ӯ истифода барем.

О. НОЗИР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.