Рӯҳонӣ: Агар Эрон бомбаборон шавад ҳам нисбати фишорҳои ИМА таслим нахоҳад шуд

Раиси ҷумҳури Эрон ҳамзамон бо афзоиши таниш миёни Амрико ва Эрон таъкид кардааст, ки ҳатто дар сурати бомбаброн шудан ҳам кишвараш дар баробари фишорҳои ИМА таслим нахоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳамзамон бо афзоиши таниш миёни Амрико ва Эрон таъкид кардааст, ки ҳатто дар сурати бомбаброн шудан ҳам кишвараш дар баробари фишорҳои ИМА таслим нахоҳад шуд.

Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 23 май ба хабаргузориҳои Эрон гуфтааст, неруҳои мусаллаҳи кишвараш ба душман посухи сангине хоҳад дод.

Пас аз дар Амрико ба сари қудрат омадани Доналд Трамп равобит миёни Эрону ИМА тира гардида, соли гузашта Амрико аз Созишномаи ядроии соли 2015 миёни Эрон бо шаш кишвари ҷаҳон бо шумули ИМА хориҷ шуд. Трамп дубора таҳримҳоро болои Эрон ҷорӣ кард.

Аввалҳои моҳи ҷорӣ Иёлоти Муттаҳида неруҳояшро дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс тақвият дода ва киштиҳои низомии ҳавопаймобарро ба ин минтақа фиристод.

Хабаргузории Эрон-ИРНА дар маросими солгарди ҷанги Ироқу Эрон дар солҳои 1980-1988 аз қавли Ҳасан Рӯҳонӣ иттило додааст, “эрониён дар баробари ҳама гуна фишор ва мушкилоти шадиди иқтисодӣ истодагарӣ хоҳанд кард”.

“Дар сурати бомбаборон шудани хоки Эрон ин кишвар барои ҳифзи истиқлолият ва шарафи худ мубориза хоҳад кард”-гуфтааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, генерал-майор Муҳаммад Боқирӣ, сардори штаби артиши Эрон гуфтааст,  “посухи Эрон нисбати иғвоҳои душман сахт ва шикананда хоҳад буд”.

Кайвон Хусравӣ, сухангӯи Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон рӯзи 23 май гуфтааст, ки “дар ҳеч шароит Эрон бо Амрико вориди музокирот намешавад”.

Аз сӯи дигар, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Вошингтонро дар кӯшиши иғво андохтан барои ба хушунат кашидани Эрон муттаҳам кард, ки аз тариқи ҷорӣ кардани таҳримҳои сангин, афзоиши фишорҳои низомӣ ва ҷанги тезу тунди лафзӣ амалӣ мекунад.

Ӯ ба унвони мисол ба дархости Пентагон барои ирсоли 5000 неруи иловагӣ ба Ховари Миёна ишора кард.

Доналд Трамп дар Кохи Сафед гуфт, ки барои муқобала бо Эрон ба Ховари Миёна неруҳои бештар мефиристад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *