Рақиби Нурулло Алиев дар UFC муайян шуд (аудио)
Варзишгари 23-солаи Тоҷикистон Нурулло Алиев (7-0) рӯзи 25-уми феврал бо Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ (20-11) нахустин қувваозмоии худро дар UFC анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи Шердог, ин мубориза дар мусобиқаи UFC Fight Night 220 дар Лас-Вегаси ИМА баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Алиев бо UFC шартнома баст ва аз Тоҷикистон қаҳрамони лигаи аввал шуд.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ