Рақиби паҳлавони тоҷик Нурулло Алиев кист? (аудио)

Размикори муҳорибаи омехтаи тоҷик Нурулло Алиев дар набарди қарибулвуқуаш дар мусобиқаи Дана Уайт — «Dana White Contender Series», ки рӯзи 21-уми сентябр баргузор мешавад, рақиби дигар гирифт.

Дар аввал Алиев мебоист бо Наир Меликян қувваозмоӣ менамуд, аммо ҳоло маълум шудааст, ки ӯ бо Ҷош Вик муҳориба мекунад.

Нурулло Алиев ахиран аз имзои созишнома бо ташкилоти Дана Уайт — «Dana White Contender Series» хабар дода, ба роҳбари UFC дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинобар фароҳам шудани шароит дар кулб барояш сипос гуфтааст.

«Дана Уайт, сипос, ки қавлатонро иҷро кардеду ба ман имконият додед, то барои созишнома бо UFC мубориза барам»,- таъкид кардааст Алиев.

Маврид ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев размикорони дигари тоҷик Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лекин мағлуб шуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.