Раҳими Ғармӣ ба Бахтиёр Раҳимов хона туҳфа кард

Ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов, роҳбари гуруҳи ҳаҷвии “Ғарибшо”, ки беш аз 30 сол иҷоранишин буд, бо кумаки соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, ки бо тахаллуси Раҳими Ғармӣ маъруф аст, соҳиби манзили зист шуд.

Чанд рӯз пеш Бахтиёр Раҳимов тариқи Ютуб-канали ОRZU ба сокинони кишвар ва тоҷирон муроҷиат карда, хоҳиш намуда буд, ки барои соҳиби манзили зист шуданаш кумак кунанд.

Мавсуф бо ишора ба печидагиҳои зиндагии хеш иброз дошта буд: “Сабр бисёр чизи хуб аст, лекин 30 сол тоқат кардам, таҳаммул кардам, гуфтам, ки аз ман бештар ниёзмандон ҳастанд. Ва ба қароре омадам, ки ба шумо муроҷиат кунам, ба он нафароне, ки дасти хайр доранд, ба он нафароне, ки шароити хуб доранд, ба он нафароне, ки саҳмгузор ҳастанд, барои мушкилоти худамро ҳал кардан. Ман мушкили манзил дорам”.

Пас аз ду рӯз, санаи 15-уми июн дар навори нав Бахтиёр Раҳимов бо хушҳолӣ хабар дод, ки Раҳими Ғармӣ бар ивази 60 ҳазор доллар барояш хонаи истиқоматӣ харидааст.

“Каме корҳои ҳуҷҷатгузорӣ мондааст, иншоолоҳ ба хонаи нав медароем ва аз рафти ин воқеа ба шумо навор пешниҳод хоҳем кард”,-мегӯяд Бахтиёр Раҳимов.

Ӯ ҳамчунин, аз тамоми мардуми Тоҷикистон, бухусус аз Раҳими Ғармӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *