Раҳматулло Фузайлов сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон шуд

Дар ситоди мураббиёни мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тағйирот ба амал омад. Сармураббии даста Зайниддин Раҳимов бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамроҳ бо Раҳимов ёвараш Сафаралӣ Раҳмонов низ аз дастаи наврасон рафтааст.

— Бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов, ки қаблан роҳбарии бошгоҳҳои КМВА, «Куктош», «Истаравшан» ва «Равшан»-и Зафарободро ба уҳда дошт, сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъйин шуд. Фузайлов дар замонҳои гуногун ёвари сармураббии дастаҳои ҷавонон (U-20) ва олимпӣ (U-23)-и Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *