Рақобати бесамари “Челси” ва “Ливерпул”

Рақобат миёни «Челси» ва «Ливерпул»-и Лондон дар бозии мавқуф гузошташудаи даври 8-уми чемпионати Англия оид ба футбол мусовӣ ба анҷом расид.

Вохӯрӣ, ки рӯзи 5-уми апрел дар Лондон дар Стэмфорд Бриҷ баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Ин дидор барои “Челси” аввалин бозӣ баъд аз барканории Грэм Поттер аз вазифаи сармураббии даста буд.

Ин ҷаласа аз тирамоҳи соли 2022 ба далели мотами марбут ба марги малика Елизавета 2-и Бритониё мавқуф гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби “Челси” дар зинаи 11-ум ва “Ливерпул” дар зинаи 8-уми ҷадвал қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *