Раҷаббой Аҳмадзода ба Мастчоҳ рафт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид. Дар ин бора  Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ дод.

Бино ба иттилои мазкур, раиси вилоят нахуст аз коргоҳи ресандагии ҶСП «Арвис Зелал текстайлз» боздид кард.

Гуфта мешавад, ки коргоҳи мазкур бо саҳмгузории соҳибкорони тоҷику турк охири соли гузашта шуруъ ба кор карда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ба иттилои роҳбарияти коргоҳ, ҳоло дар инҷо 200 нафар занону духтарон фаъолият карда, то пурра ба истифода додани коргоҳ то 500 нафар соҳиби ҷойи корӣ ва маоши хуб мегарданд.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят ҳамзамон бо сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ «Некбахт», сардхона барои нигаҳдории маҳсулот бо гунҷоиши 400 тонна, меҳмонхонаи замонавии «Раҳим», коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар-2104», бинои нави Маркази ташхисӣ ва табобатии «Сино» ва коргоҳи пойафзолбарорӣ шинос шуд.

Сипас раиси вилоят дар ноҳияи Мастчоҳ Шодиёна Арзиева ва маъюби гурӯҳи дуюм Комрон Қурбонзодаро аёдат карда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *