Донишҷӯдухтари ДМТ дар кикбоксинги ҷаҳонӣ медали нуқра гирифт

Донишҷӯи соли якуми факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фотима Холова дар Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг мақоми дуюмро ишғол намуда, бо медали нуқра ба ватан баргашт. Дар ин бора аз донишгоҳ хабар доданд.

Бино ба маълумоти дарёфтшуда, мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг аз 12-ум то 15-уми май дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд.

Донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ Зуҳро Холова низ иштироккунандаи фаъоли ин мусобиқа дониста шуд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур 3536 гӯштигир аз 77 бошгоҳи варзишӣ аз 42 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *