Раҷабалӣ Қудратов «Шоҳдухтари дилдода»- ашро ба Корея бурд

«Шоҳдухтари дилдода»- таҳти чунин унвон асари нависандаи тоҷик Раҷабалӣ Қудратов дар Ҷумҳурии Корея ба нашр расид.

Тавре муаллифи асар  Раҷабалӣ Қудратов иттилоъ дод, китоби мазкур бо се забон –  русӣ, англисӣ ва куриёгӣ нашр гардида, дар назар аст рӯзҳои наздик бо забони тоҷикӣ низ рӯи чоп ояд.

Асари мазкур дар доираи Барномаи байналмилалии ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва панҷ кишвари Осиё мунташир гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки расмҳои китоби мазкур аз ҷониби рассоми маъруфи кореягӣ Ким Сонхи, ки дар чандин озмунҳои байналмилалии рассомӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст, тасвир шудаанд.

Китоби мазкур барои доираи васеи насли наврас пешбинӣ шуда, хеле ҷолибу хонданист ва он диққати хонандагонро ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб менамояд.

Дар сарсухани китоб инчунин доир ба Тоҷикистон ва фарҳанги волои он маълумоти мухтасар дода шудааст, ки хонанда аз он баҳраи хуб мебардорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *