Раисӣ президенти Эрон интихоб шуд

Дар интихоботи рӯзи 18 июни президентии Эрон раҳбари қувваи қазоияи Эрон, номзади ҷиноҳи муҳофизакорони тундрав Иброҳим Раисӣ, ки аз ҷониби раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳимоят мешуд, ғалаба кардааст.
Раиси ситоди баргузории интихобот Ҷамол Урфӣ рӯзи 19 июн тавассути телевизиони давлатии Эрон ғалабаи Раисиро эълон кард ва гуфт, аз 28 миллиону 600 ҳазор нафаре, ки дар овоздиҳӣ иштирок карданд, 17,8 миллионаш ба Раисӣ раъй додаанд.
Ба интихобот аз байни беш аз 50 довталаб танҳо 7 номзади аксаран аз ҷиноҳи тундравон роҳ ёфта, Маҷлиси ташхиси маслиҳати низом номзадҳои ислоҳтараб ва ҳатто тундравони муътадилро сабти ном накард. Ба ин далел ҳам ба нишони эътироз ба мушкилоти иқтисодии кишвар аз 59 миллион мардуми соҳиби ҳаққи овоз дар овоздиҳӣ танҳо камтар аз нисфи онҳо, яъне 28,6 миллион нафар иштирок карданду халос.
Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, рақиби асосии Раисӣ – раҳбари Маҷлиси ташхиси маслиҳати низом ва фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳсин Ризоӣ 3,3 миллион овоз ба даст оварда, аз раҳбари собиқи Бонки марказии Эрон Абдулносир Ҳимматӣ, ки ягона номзади нисбатан муътадилгаро ба назар мерасид, 2,4 миллион нафар ҳимоят кардаанд. Ба тарафдорӣ аз Амир ҳусейн Қозизода Ҳошимӣ, муовини раиси парлумони Эрон як каме беш аз як миллион нафар овоз додаанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *