Раиси БМТ дар Вашингтон бо роҳбарияти ICBC ва RAMP мулоқот кард
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Вашингтон баргузор мегардад, бо ҳайати Бонки саноатӣ ва тиҷоратии Чин (ICBC) ва роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ (RAMP) мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти ICBC, ҷонибҳо масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба хизматрасониҳои хазинадорӣ, идоракунии дороиҳо, имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратӣ ва густариши амалиёт тавассути ин суратҳисобҳо мубодилаи афкор намуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои амалии оянда баён доштанд.

Ҳамзамон, Раиси Бонки миллӣ бо хонум Катаржина Зайдел-Куровск – директори департаменти идоракунии дороиҳо ва захираҳои хазинадории Бонки Ҷаҳонӣ (RAMP) вохӯрӣ анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои марбут ба нақши муассисаҳои молиявии миллӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сармоягузорӣ ба воситаҳои боэътимоди молиявӣ, диверсификатсияи дороиҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тавассути барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ муҳокима гардид.
Ин мулоқотҳо ба таҳкими ҳамкориҳои стратегии Бонки миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва ҷалби таҷрибаю имкониятҳои нав дар самти рушди низоми молиявии кишвар мусоидат менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ