Раиси Бонки миллӣ:Пешниҳоди қарз ба аҳолӣ зиёд шуд
Соли гузашта бонкҳои Тоҷикистон ба аҳолӣ 24,6 миллиард сомонӣ қарз додаанд.
Дар муқоиса ба соли 2023-юм 5,6 миллиард сомонӣ бештар аст.
Дар ин бора имрӯз, 12 феврал Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаи истеъмол 47,1 фоиз рост меояд. Боқимонда дар бахшҳои саноату сохтмон ва хизматрасонӣ аст.
Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ